Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт имрӯз, 23 ноябр Форуми байнулмилалии тиҷоратии бонувон ба кор шурӯъ намуд, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, иттиҳодияҳои соҳибкорзанони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистону Қазоқистон, ҳамчунин ташкилоту корхона ва ширкатҳои гуногун ширкат доранд.
Ҳамоиш аз ҷониби сафорати ИМА дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдои амрикоӣ ва сохторҳои давлатӣ озмон дода шуда, таҷассумгари имконоти соҳибкорзанони минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Дастандаркорони форум бар ин назаранд, ки сармоягузорӣ ба фаъолияти занон воситаи муҳими коҳиши камбизоатӣ ва мусоидат ба суботи ҷомеа аст.
Дар кори ҳамоиш ҳамчунин кормандони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷии муқими ҷумҳурӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ, ҳамчунин сармоягузорони маҳаллӣ ва хориҷӣ низ ҳузур доранд, ки лоиҳаҳои тиҷоратии ҷолибро дастгирӣ карда метавонанд.
Дар доираи кори форум намоиши маҳсулоти бонувони Тоҷикистон ҷараён дорад. Аксҳо аз гурӯҳи "Экономические новости Таджикистана" (Хабарҳои иқтисодии Тоҷикистон) дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.