Охири моҳи ноябр бар асари сард шудани обуҳаво ва афзоиши истифодаи барқ раиси шаҳри Душанбе дастур дод, ки фаъолияти нонвойхонаҳо ва гармобаҳои барқиро қатъ намуда, онҳо ба истифодаи ангишт гузаранд.
Баъзе ноновойхонаҳо фаъолияташонро муваққатан қатъ намуда, аксаран ба истифодаи ангишт ё газ гузаштаанд, лекин сарфи назар аз ин душвориҳо, онҳо ваъда медиҳанд, ки нархҳо мисли пешин боқӣ монда, дар таъмини сокинони пойтахт бо нон ҳеҷ мушкилие пеш нахоҳад омад.