Бо қарори иҷлосияи 67-уми Маҷмаи Умумии СММ аз моҳи январи соли 2003, ҳамасола санаи 11 декабр ҳамчун Рӯзи байнулмилалии кӯҳҳо ҷашн гирифта мешавад.
Қобили зикр аст, ки 93,3%-и қаламрави Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол мекунанд, ки баландиашон то ба зиёда аз 3 ҳазор метр аз сатҳи баҳр мерасад. Яке аз қуллаҳои баландтарини ҷваҳон – қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр) дар Помири Тоҷикистон воқеъ аст. Дар феҳристи умумии қуллаҳои баландтарини ҷаҳон қуллаи Исмоили Сомонӣ дар зинаи 50-ум ҷойгир шудааст.