Тибқи анъанаи ҳарсола Клуби байнулмилалии занона, ки ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва соҳибкорони ватаниро муттаҳид мекунад, тарбиягирандагони мактаб-интернати ноҳияи Ҳисорро бо Соли нави мелодӣ табрик карда, ба онҳо аз ҳисоби фонди клуб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.
Дар ин интернат ҳамагӣ 405 нафар тарбият мегиранд, ки 96 нафарашон духтарон мебошанд. Ба ҷуз қанду шириниҳо ба кӯдакон 410 адад сарулибоси зимистона ва ба 45 нафар омӯзгорони муассиса воситаҳои зинату ороишӣ ҳадя карда шуд.
Президети клуб, ҳамсари сафири Покистон дар Тоҷикистон хонум Мария Сумро изҳор кард, ки онҳо соли сеюм аст, ки аз ин интернат боздид намуда, ба кӯдакон туҳфаҳо месупоранд.
Клуби байнулмилалии занонаи ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ 17 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҳамсарони дипломатҳои муқими Тоҷикиситон таъсис дода шудааст.