Дар вилояти Хатлон тайи 6 соли охир беш аз 200 ҳазор фурӯзонаки симобдори корношоям аз аҳолӣ ва ташкилоту идораҳо ҷамъоварӣ гардидааст. Нигаҳдории ин миқдор партови барои сиҳатии мардум ва муҳити зист хавфнок дар нуқтаҳои муваққатӣ ва анборҳо сурат пазируфта, ягон адади онҳо то кунун безарар карда нашудааст. Масъулин сабаби чунин вазъро ба ҷудо нагардидани маблағҳои зарурӣ марбут медонанд.
Ҳукуматҳои маҳаллӣ пул намедиҳанд…
Шамсиддин Халилов, масъули Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ҷудо нашудани маблағ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро сабаби аслии то ҳанӯз безарар нагардидани фурӯзонакҳои корношоям арзёбӣ кард. "Рафти ҷамъоварии лампаҳои каммасраф нисбат ба солҳои қаблӣ суст ба роҳ монда шудааст", – гуфт ӯ ва афзуд, ки аз 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ҳамагӣ 16-тои онҳо барои ҷамъоварии лампаҳои каммасраф то андозае пул ҷудо кардаанд.
Дар вилояти Хатлон 945 анбор ва нуқтаҳои муваққатии ҷамъоварии фурӯзонакҳои симобдор таъсис дода шудааст. "Аз тарафи мутахассисони Раёсат барои риоя накардани қоидаҳои нигоҳдории лампаҳо дар анбор ва нуқтаҳои чамъоварӣ 926 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардида, нисбат ба масъулон протоколҳои маъмурӣ ба маблағи 157 ҳазору 680 сомонӣ тартиб дода шудааст", – изҳор дошт Халилов.
Дилшод Раҳимов, иқтисодчии намояндагии КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии ҶТ" дар вилояти Хатлон мегӯяд, ки аз 3-юми марти соли 2011 дар корхонаҳои зертобеи онҳо дар шаҳру навоҳии вилоят 108 ҳазору 173 адад лампаҳои симобдор ҷамъоварӣ шудааст. Ба қавли ӯ, барои ҳавасмандкунию ҷамъоварӣ ва безараргардонии ин лампаҳо аз тарафи мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ дар давоми 5 сол ҳамагӣ 32 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. "Дар вилоят аз ҳама бештар шаҳрҳои Сарбанд ва Қӯрғонтеппа маблағ ҷудо кардаанд. Шаҳру навоҳии Вахш, Шаҳритуз, Абдураҳмони Ҷомӣ, Н.Хусрав, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Темурмалик, Муъминобод ва Балҷувон бо ин мақсад умуман маблағ ҷудо накардаанд. Имрӯз дар анборҳои корхонаҳои зертобеи мо беш аз 100 ҳазор адад лампаҳои симобдор ҷамъ шудааст ва онро бояд ҳарчи зудтар безарар гардонид. Мутаассифона, аз сабаби набудани маблағ дар 5 сол ягон маротиба ҳам натавонистем лампаҳоро ба шаҳри Душанбе барои безараргардонӣ интиқол диҳем”, – афзуд ин масъули намояндагӣ.
Сармуҳандиси КВД "Хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Сарбанд" Искандар Мингяров мегӯяд, шурӯъ аз соли 2011 то ин давра дар анбори онҳо 6,5 ҳазор лампаи корношоям ҷамъоварӣ шудааст. “Лампаҳоро 5 сол инҷониб наметавонем ба пойтахт интиқол диҳем. Як-ду маротиба намояндагони корхонаи безараргардонии Душанбе омада буданд, вале бо ҳамин дигар наомаданд. Албатта, анбори нигаҳдории мо на он қадар ба талабот ҷавобгӯ аст, вале дигар илоҷ надорем. Мо корҳои фаҳмондадиҳиро бо сокинони шаҳр мегузаронем ва хоҳиш мекунем, то лампаҳои корношоямро ба идораи мо оварда супоранд. Солҳои қаблӣ маблағ доштем ва барои ҳавасмандкунии мардум бар ивази чанд лампаи корношоям як фурӯзонаки нав медодем”, – илова кард сармуҳандис.
Раисони ноҳияҳо: "Маблағ надорем!"
Раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон мегӯянд, ки аз ҳисоби буҷет барои ҳавасмандкунӣ ва ё безараргардонии лампаҳои симобдор маблағ ҷудо карда наметавонанд, зеро шаҳру ноҳияашон дотатсиониву хароҷоташон аз даромад бештар аст.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Фотеҳ Аминзода зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки вазъи ҷамъоварию безараргардонии лампаҳои каммасраф ӯро қонеъ намекунад. Вай афзуд: "Мо қисми даромади буҷаамонро бо азоб иҷро намуда, музди меҳнати мардумро мепардозем. Имкони ҷудо кардани маблағ барои безараргардонию дигар корҳо надорем". Ӯ ҳалли ин масъаларо бо истифода аз маблағҳои Фонди рушди ноҳия, ки бо саҳми сокинон ҷамъоварӣ мешавад, имконпазир донист.
Раҳматулло Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аҳолӣ ва тамоми ташкилоту идораҳои ноҳия ба лампаҳои каммасраф гузаштаанд. Мақомоти иҷроияи ин ноҳия дар давоми 5 сол барои безараргардонии лампаҳои симобдор ҳамагӣ 800 сомонӣ ҷудо кардааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки Қарори Ҳукумати ҶТ, №97 аз 3-юми марти соли 2011 "Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол ва коркарди лампаҳои симобдор" ба таври бояду шояд иҷро намешавад. Тибқи банди 4-и ин санад мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо дар ҳамкорӣ бо КВД "Хоҷагии манизилию коммуналӣ" муваззаф шудаанд, ки дастгоҳҳои безараргардонии лампаҳои симобдорро ворид намоянд. Мутаассифона, то ба имрӯз чунин дастгоҳҳо ба вилояти Хатлон ворид карда нашудааст. Масъулинро зарур аст, ки талаботи қарори мазкурро ба хотири ҳифзи саломатии мардум ва муҳити зист иҷро кунанд. Ҳамзамон мақомоти назоратӣ бояд рафти иҷрои онро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор диҳанд.
Ҷустуҷӯйи мо дар шабакаи Интернет нишон дод, ки як дастгоҳи безараргардонии фурӯзонакҳои корношоями симобдор ҳудудан аз 150 то 300 ҳазор сомонӣ арзиш дорад. Суоле ба миён меояд, ки оё харидории чунин дастгоҳ барои вилояти калонтарини ҷумҳурӣ душвор аст?
Мушоҳидаҳо
Зимни боздид аз чанд анбори нигаҳдории фурӯзонакҳои корношоям маълум гардид, ки дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии дурусти онҳо ба роҳ монда нашудааст. Анбору нуқтаҳои муваққатии қабули лампаҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Дар хоҷагии манзилию коммуналии ноҳияҳои Ёвон, Хуросон, Ҷ.Балхӣ фурӯзонакҳои симобдор дар анборҳои умумӣ ҷойгир карда шудаанд. Ин дар ҳолест, ки мувофиқи дастурамал дар анбори нигаҳдории лампаҳои каммасрафи корношоям бояд дигар ашёи рӯзгор набошад.
Зимни боздид аз ҷамоати Ваҳдати шаҳри Сарбанд ва ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон аён гардид, ки дар ин ҷо лампаҳои каммасрафро дар бойгонии ҳуҷҷатҳояшон нигоҳ медоранд. Гузашта аз ин, дар ягон нуқтаи муваққатии ҷамъоварӣ ва анборҳои нигаҳдорӣ зарфи об, маҳлули хлор ва маргансофу йодро, ки мувофиқи талаботи бехатарӣ бояд мавҷуд бошанд, мушоҳида накардем.
Дар ҷамоати Айнии ноҳияи Хуросон, ба гуфтаи муовини он Абдулаҳад Мирзоназаров, 16 деҳа ва 3,5 ҳазор хоҷагӣ мавҷуд аст, аммо тайи панҷ сол ҳудуди 1000 адад лампа ҷамъоварӣ шудааст. Лампаҳои симобдори корношоями аз мактабу беморхона ва аҳолӣ ҷамъшударо дар бойгонии ҷамоат нигоҳ медоранд.
Бемасъулиятӣ ё ноогоҳӣ
Нигаҳдории лампаҳои симобдор дар нуқтаҳои фурӯш низ ба таври бояду шояд роҳандозӣ нашудааст. На ҳама соҳибкорону тоҷирон қоидаҳои бехатарию нигаҳдории онҳоро риоя мекунанд. Аз се тоҷире, ки дар бозори "Фаровон"-и шаҳри Қӯрғонтеппа машғули фурӯши лампаҳои каммасраф буданд, ду нафар иқрор шуданд, ки фурӯзонакҳои симобдори шикастаро ба партовгоҳҳои умумӣ мепартоянд.
Соҳибкори дигар Қобилҷон Давлатов иброз дошт, ки лампаҳои корношоямро аз мизоҷон бозпас гирифта, дар анбори худ ҷамъ мекунад ва онҳоро ба Душанбе мефиристад. "Ҳангоми шикастани ягон фурӯзонаки симобдор ҷояшро бо об ва маҳлули хлор тоза карда, шикастапораҳои онро ба халтаи селофанӣ мегирем ва дар қуттии махсус ҷой мекунем", – гуфт ӯ.
Ин соҳибкор афзоиши корҳои тарғиботӣ дар миёни мардум ва пешгирии ҳолатҳои заҳролудсозии муҳити зистро лозим мешуморад.