Ба муносибати ҷашни Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модар Ширкати телевизиону радиои «Азия-Плюс» дар ҳамдастӣ бо Раёсати БДА-и шаҳри Душанбе аксия баргузор кард.
Рӯзи 7 март кормандони БДА дар роҳҳои мошингарди пойтахт бонувон – ронандагони сари чанбарак қарордоштаро боздошта намуда, лекин ҳуҷҷатҳоро насанҷиданд, балки дар васфи онҳо шеъру тарона хондаву бо ид самимона табрику таҳнияташон гуфтанд.
Ин чорабинӣ бо шарикии кулли шабакаи НФС «Газпом-нефт Тоҷикистон» доир гардида, шарикони дигар – ширкати лавозимоти ороишӣ ва беҳдоштӣ (косметикӣ)-и «Фаберлик», мағозаи сарулибоси занонаи «Дошан» ва агентии ҷашнии «Атмосфера» ба бонувон туҳфаҳо тақдим намуданд.
Дар гузориши тасвирии зер ҷараёни баргузории аксия манзуратон мегардад.