Дар раҳпаймоӣ намояндагони Эрону Тоҷикистон, Ӯзбекистону Озарбойҷон, Афғонистон ва як қатор кишварҳои дигар бо сарулибоси маъмулӣ ва иҷрои рақсу тарона гузаштанд. Ин раҳпаймоии пуршӯкӯҳ даҳҳо ҳазор нафар иштирокчиёну тамошобинонро гирдиҳам овард.
Дар шаҳри Ню-Йорк чорабинии чордаҳуми маъмулии ҳамасолаи «Роҳпаймоии форсӣ» доир гардид. Дар он зодагони кишварҳое, ки дар онҳо Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, иштирок карданд. Иштирокчиёни чорабинӣ бо сарулибоси маъмулии миллӣ тариқи Мэдисон-авеню раҳпаймоӣ карданд.
Чорабинии «Раҳпаймоии форсӣ» бори нахуст соли 2004 аз ҷониби муҳоҷирони эронӣ дар Ню-Йорк баргузор гардида, ҳадафи аслии он имкони намоиши фарҳанг ва тамаддуни форсӣ ба сокинони ИМА унвон мешавад.