Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа имрӯз ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузашти тантанавӣ доир гардид.
Дар остонаи ҷашн ба онҳо аз номи президенти мамлакат ба ҳар кадоме 3 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ тақдим гардида, мақомоти шаҳрдории Қӯрғонтеппа низ ба онҳо 500 сомонигӣ ҷудо кард.
Зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ муовини раиси шаҳр Искадар Абдуллозода қаҳрамонии тоҷикистониён дар мубориза зидди фашизмро қайд намуда, изҳор дошт, ки «имрӯз мо ба онҳо, ки ба ивази ҳаёти худ ба мо сулҳу озодӣ аз фашизмро таъмин сохтанд, сари таъзим фуруд меорем ва қаҳрамонии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем».