Дар муқоиса бо рӯзи душанбе ҳафтаи гузашта нарху наво ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал поин рафт. Баъзе маҳсулот хеле арзон шуд.
Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорони пойтахт ваъда доданд, ки нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал боло намераванд. Гузориши рӯзҳои аввали моҳи Рамазони мо нишон дод, ки нархҳо (дар баъзе ҳолатҳо) якбора ду баробар зиёд шуданд.
Имрӯз мо бовар ҳосил кардем, ки нархҳо боз поин рафтанд. Шояд сабаб дар он аст, ки раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 1 июн роҳбарони бозорҳои «Деҳқонбозор» ва «Шоҳмансурро аз мансаб барканор кард. Дар мақомоти шаҳрдорӣ изҳор намуда буданд, ки аз ҷумла онҳо барои аз даст додани назорат болои нархҳо аз кор озод шудаанд.
Чунин гузоришҳоро мо ҳар ҳафта – рӯзҳои душанбе давоми як моҳ таҳия мекунем ва дар натиҷа ба хулосае хоҳем расид, ки то чӣ андоза зиндагиамон дар моҳи Рамазон қимат (ё арзон) шудааст.
Қобили зикр аст, ки нархҳо дар минтақаҳои кишвар хеле зиёд фарқ доранд, аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба «воридкунанда»-и асосии маҳсулоти кишоварзӣ будани шаҳри Душанбе, мо нархҳо танҳо дар пойтахтро зикр мекунем.