Дар муқоиса бо рӯзи душанбеи ҳафтаи гузашта нархҳо ба маҳсулоти хӯроквории мавриди ниёзи аввал боз каме поин рафтанд. Нисбат ба аввали моҳи Рамазон, ки нархҳо якбора боло рафта буданд, имрӯз поинравии онҳо ба таври қобили мулоҳиза эҳсос мешавад.
Пеш аз фарорасии моҳи шарифи Рамазон ҳукуматдорони пойтахт ваъда доданд, ки нархҳо ба маҳсулоти мавриди ниёзи аввал боло намераванд. Ба поинравии нархҳо ду омил – баргузор шудани ярмаркаҳои мунтазами маҳсулоти кишоварзӣ дар пойтахт ва афзоиши маҳсулот дар бозорҳо мусоидат карда метавонад. Дарвоқеъ ҳам маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳо зиёдтар шудааст.
Чунин гузоришҳоро мо ҳар ҳафта – рӯзҳои душанбе давоми як моҳ таҳия мекунем ва дар натиҷа ба хулосае хоҳем расид, ки то чӣ андоза зиндагиамон дар моҳи Рамазон қимат (ё арзон) шудааст.
Қобили зикр аст, ки нархҳо дар минтақаҳои кишвар хеле зиёд фарқ доранд, аз ин рӯ, бо таваҷҷуҳ ба «воридкунанда»-и асосии маҳсулоти кишоварзӣ будани шаҳри Душанбе, мо нархҳо танҳо дар пойтахтро зикр мекунем.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.