Рӯзи душанбе Дабири кулли СММ аз Помир боздид намуда, яке аз мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон – кӯли Сарезро тамошо кард. Дар ин боздид Антониу Гутерришро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ҳамроҳӣ кард.
Бино ба гуфтаи котиби матбуотии Дабири кулли СММ, дар роҳи сафар ба кӯли Сарез ӯ аз мушоҳидаҳояш зимни парвоз дар фазои Помир ба шигифт омадааст.
«Дабири кулли СММ изҳор дошт, ки аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Тоҷикистон мушоҳида кардааст, мутаассир шудааст. Ҳудуди 30%-и пиряхҳо дар ин кишвар аллакай об шудаанд», – гуфтааст сухангӯи СММ дар брифинги Ню-Йорк.
Зимни сафар Антониу Гутерриш бори дигар аз кишварҳои ҷаҳон даъват кард, ки ба мубориза бо тағйирёбии иқлим тақвият бахшанд, зеро «инсоният ба аз даст додани вақт ҳуқуқ надорад».