Қонунҳои Русия «Дар бораи муҳоҷирати маҷбурӣ», «Дар бораи бақайдгирии муҳоҷират» ва ғайра, ки ҳукуматро ба дастгирии муҳоҷирони маҷбурӣ уҳдадор мекунанд, дар амал қариб иҷро намешаванд. Дар ҳамин ҳол, қонунҳои зидди муҳоҷират пурра мавриди амал қарор доранд.
Кумитаи «Мусоидати шаҳрвандӣ» таҳти сарварии Светлана Ганнушкина аз оғози кор кумаки машваратии ҳуқуқӣ, ҳимояи ҷамъиятӣ дар судҳо, мусоидат ба роҳандозии муносибат бо сохторҳои давлатии муҳоҷирони маҷбурӣ, ҳимояи ҳуқуқ ба дастрасии манзил, таъмин бо кору кумаки тиббӣ ва таҳсили онҳоро ба зимма гирифтааст.