Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилояти Суғд рӯзи 24 август бахшида ба 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивал – озмуни “Оши палав” баргузор гардид, ки дар он намояндагони 18 шаҳри навоҳии вилоят иштирок карданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар ин фестивал беш аз сад нафар ошпазони моҳир аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзида, дар сад дег навъҳои гуногуни палави тоҷикиро омода ва пешниҳод намуданд.
Дар доираи Фестивал – озмуни “Оши палав” инчунин озмунҳои анъанавии “Ошхури беҳтарин” ва “Дастони моҳир” гузаронида шуданд. Дар бахши “Ошхури беҳтарин” 20 нафар дӯстдорони оши палав иштирок намуданд.
Фурқат Буриев аз ноҳияи Ашт дар бахши “Ошхури беҳтарин” ва Ғуфрон Обидов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов дар бахши “Дастони моҳир” ғолиб дониста шуда, ҳар кадоме бо диплом ва ду ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.