Ширкати амрикоии Apple якбора се навъи нави телефонҳои ҳушманди худ, маъруф ба "айфон"-ро муаррифӣ кард.
Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, раиси ширкат Тим Кук iPhone X-ро (манзур аз X рақами римии даҳ аст) "ҷаҳиши бузург"-е аз замони ба фурӯш баромадани нахустин "айфон" номид.
Гуфта мешавад, iPhone X сабуктар, бориктар ва равшантар буда, метавонад барои боз кардани қуфли дастгоҳ ва беҳтар намудани саҳифаи намоиш чеҳраро шиносоӣ кунад. iPhone X 999 доллари ИМА ва бештар аз он арзиш дорад.
Зикр мегардад, ки iPhone 8 ва iPhone 8 Plus аз 699 то 799 доллар, вобаста ба ҳаҷми хотираашон фурӯхта мешаванд.
Ҳар се навъи телефонҳо бе сим нирӯ мегиранд. Айфони "10" 3 ноябр ва "8" каме дертар ба фурӯш хоҳанд баромад.
Ширкати Apple ба ҷуз ин, навъи беҳтари "соатҳои ҳушманд" ва низоми видеостримингро барои телевизионҳои 4K намоиш дод.