Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Афсонаи ишқи Валя ва Ҳабиб 12 сол давом кард - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Афсонаи ишқи Валя ва Ҳабиб 12 сол давом кард

Asia-Plus

Дар синни 9-солагӣ духтари сокини шаҳри Маскав Валя ба муҳоҷири 16-солаи тоҷик Ҳабиб Патахонов ошиқ шуд, ки дар хонаи бибии Валя иҷора менишаст. Ишқи онҳо фарзанд ба бор овард.

Нисбати муҳоҷири тоҷик парвандаи ҷиноӣ боз шуда, вале онҳо аҳли ҷомеа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муътақид сохтанд, ки ба онҳо барои тарбия ва издивоҷ (баъди ба синни баоғат расидани духтар) имкон диҳанд. Аминаи хурдсолро муддати чандин сол бибии Валя тарбия карда, палари ҷавон ба ӯ кумак мекард.

Соли 2017 Ҳабибу Валентинна (аллакай 17-сола) издивоҷ карда, баъди се сол дар ин оила фарзанди дуюм – Амир ба дунё омад. Онҳо дар хонаи бибии Валя иқомат дошта, Валентина дар мағоза ба ҳайси фурӯшанда ва Ҳабиб дар анбор кор мекарданд. Дар яке аз мусоҳибаҳои охири худ онҳо ба журналистон изҳор дошта буданд, ки зиндагии хушу осуда доранд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Лекин аввали тобистони соли равон, моҳи июн Ҳабиб ба мақомоти пулис дар бораи бедарак шудани ҳамсараш муроҷиат карда, маълум шуд, ки духтар аз хонаашон ба назди дугонааш гурехтааст. Дар мусоҳиба Валя иқрор шуд, ки афсонаи шарқии ӯ ба охир расида, барои мунтазамамавриди лату кӯб қарор гирифтан хонаро тарк кардааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

«Ман назди дугонаам рафтам, дар хона зиндагӣ карда наметавонам, зеро шавҳарам доимо маро мезанад. Ӯ ду ҳафта маро дар хона нигоҳ дошта, ба ҳеҷ куҷо баромадан нагузошт, то осори латукӯбам ошкор нашавад. Вале мо алҳол ҳамроҳ ва ҷудо шуданӣ нестем», – ҳикоят кардааст духтар ба журналистони LifeNews.

Ба гуфтаи Валя, зиндагии осудаи онҳоро рашки беҳад зиёди Ҳабиб халалдор мекунад ва ӯ (духтар ҳанӯз 21-сола аст) алҳол намедонад, ки раҳоӣ аз ин вазъ чист.

Барномаи «Пусть говорят» низ ба ин қазия рӯшанӣ андохтанӣ шуд.

МЕДИА (IFRAME)