Дар кохи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд Фестивали «Атласу адраси Хуҷанд- 2017» доир гардид.
Фестивал аз рӯйи номиннатсияҳои либосҳои “Миллии қадима”, “Кӯдакона”, “Расмӣ”, Идона” ва “Арӯсию домодӣ” баргузор гардид.
Яке аз шартҳои иштирок дар ин чорабинӣ истифодаи матои истеҳсоли ватанӣ буд. Ҳадафҳои баргузории фестивал эҳё ва тарғиби ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрасбофии дастӣ, фарҳанги моддӣ, рӯзгордории халқи тоҷик, баланд бардоштани мақому завқи либоспӯшии миллӣ, зебоипарастӣ, ғанӣ намудани ҳаёти маънавии занону бонувон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, эҳёи анъанаву ҳунарҳои миллӣ унвон шудааст.