Бозори Шоҳмансур (Зелёний)-и пойтахт, ки рӯзҳои наздик кӯчонида мешавад, имрӯз холӣ буда, фурӯшандагон ба ҷамъовариву бандубасти борҳои худ машғуланд. Одамон ба бозор роҳ дода намешаванд.
Ба гуфтаи савдогарон, ба онҳо ваъда додаанд, ки дар бозори нави Меҳргон онҳо муддати се моҳ бидуни иҷорапулӣ кор мекунанд. Аммо аксари ҳамсуҳбатони мо дар ташвишанд, ки баъди се моҳ аз онҳо дар бозори нав иҷорапулии хеле зиёд талаб карда, онҳо ба тарки бозор маҷбур мешаванд.
Ба қавли яке аз фурӯшандагони сабзавот, раҳбарияти бозор ба онҳо ваъда дода буд, ки барои кашонидани маҳсулоташон нақлиёт ҷудо мекунад, вале ин кор сурат нагирифта, фурӯшандагон аз ҳисоби худ борашонро аз бозор бароварда истодаанд. Рӯзи шанбе бояд бозор холӣ карда шавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.