Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Президент: лимити барқ бекор мешавад, агар аҳолӣ дастгирӣ кунад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Президент: лимити барқ бекор мешавад, агар аҳолӣ дастгирӣ кунад

Зимни мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорон, Сарвари давлат хотиррасон кард, ки соли гузашта ин рӯзҳо аллакай реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шуда, аҳолӣ ҳамагӣ 10 соат барқ мегирифт. Имсол лимити барқ алҳол ҷорӣ нашудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи аввали стратегии ҳукумати Тоҷикистон ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб меёбад.

«Агар аҳолии Тоҷикистон моро дастгирӣ кунаду шумо, соҳибкорон, ки моликони корхонаҳои саноатӣ мебошед, тирамоҳу зимистон нерӯи барқро сарфакорона истифода кунед, барқи мо барои 24 соат дар як шабонарӯз кофист ва тирамоҳу зимистон дигар ягон маҳдудият нахоҳад шуд», – қайд кард Президент.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Идомаи содироти нерӯи барқ. Асосан ба Афғонистон

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар Тоҷикистон 1 ноябр ҷорӣ шуда, аммо амалан аз 1 октябр қатъи интиқоли барқ оғоз гардид. Маҳдудият танҳо ба пойтахт ва шаҳрҳои бузург дахл надошт. Аҳолӣ дар як шабонарӯз 6-10 соат бо барқ таъмин мешуд. Лимит 14 январи соли 2017 бекор шуд.

Солҳои пешин вазъ дигартар буд. Масалан, соли 2013 реҷаи маҳдуди истифодаи барқ 1 ноябр ҷорӣ ва 15 апрели соли 2014 бекор шуд.

Тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 лимити истифодаи барқ 1 октябр ҷорӣ гардида, аввали моҳи март бекор шуд. Солҳои 2015-2016 бошад, лимит 18 октябр мавриди амал қарор гирифта, аввали моҳи март бекор шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.