Қабрҳои панҷ тан аз шахсиятҳои маъруф, ходимони давлативу сиёсии Тоҷикистон аз боғи Айнӣ ба оромгоҳи Лучоб кӯчонида шуданд. Қабри Бобоҷон Ғафуровро мо дар он ҷо пайдо накардем.
Дар боғи Айнӣ қабрҳои афроди маъруфе аз зумраи Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ ва чанде дигарон мавҷуд буд. Зикр гардида буд, ки ба ҷуз қабри Садриддин Айнӣ дигар ҳама қабрҳо ба оромгоҳи Лучоб кӯчонида мешаванд.
Шахсони масъули мақомоти шаҳрдории пойтахт аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзида буданд, аммо хешу ақрабои Ҷаббор Расулов изҳор намуданд, ки аз пинҳонӣ кӯчонидани қабрҳо дар шигифт буда, аз болои мақомоти шаҳрдории пойтахт ба суд шикоят мебаранд.
Айни замон қабрҳои Ҷаббор Расулова, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ ва Муқаддима Ашрафӣ дар маркази оромгоҳи Лучоб қарор доранд. Қабри Бобоҷон Ғафуров миёни онҳо нест.