Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ баъди азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ иштирок карданд.
Ҳамчунин дар ин маросими пуршукуҳ набераҳои Садриддин Айнӣ – Эраҷ ва Лайло низ ҳузур доштанд.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кард, ки боғи мазкур ба макони ҷолиби сайру саёҳат ва тамошову фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон табдил хоҳад ёфт.