Ба муносибати ҷашни Рӯзи Президент аксу суратҳои Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии кишвар гирдоварӣ шуданд.
Биноҳои маъмуриву ғайримаъмурӣ, беморхонаву мактабҳо, канори роҳҳои мошингард, тамоми кабинетҳои мансабдорони давлатӣ ва корхонаву ширкатҳои хусусиро низ аксу суратҳои Сарвари давлат зебу оро медиҳанд.
Санаи 16 ноябри соли 1994 нахустин маросими савгандёдкунии Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, ки имсол ба он 25 сол пур мешавад.