Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеоие нашр шуд, ки дар он аз ҷониби муаллима лату кӯб шудани хонанда дида мешавад. Гӯё барои партаро аз ҷояш беҷо кардан. Ин ҳодиса дар яке аз машғулиятҳо дар мактаби рақами 21-и шаҳри Душанбе ба вуқӯъ мепайвандад.
Ин навори видео ду рӯз пеш дар гурӯҳи tajikistan-news нашр шуда, сипас дар шабакаи Фейсбук вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Дар навор дида мешавад, ки омӯзгор ба толиба даст бардошта, ӯро аз синф меронад. Навори давомнокиаш 15 сонияро худи хонандагон дар телефони мобилиашон сабт кардаанд.
Дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҷой доштани далели мазкурро ба «Азия-Плюс» тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати таҳқиқи ҳодиса гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст. Аз шарҳи ҷузъиёти дигари масъала дар Вазорат худдорӣ карданд.