Сокинони шаҳри Душанбе, ки шуморашон ба миллион нафар мерасад, соли гузашта аз як макони дӯстдоштаи истироҳаташон – Кӯли «Ҷавонон» (қаблан – Комсомолский) маҳрум шуданд.
Дар пойтахт боз се обанбори дигар вуҷуд дошт, дар канори дигари шаҳр, ки бештар бо номи Мехкарйер маъруф аст. Мавсими гармо дар он ҷо оббозӣ кардан имкон дошт. Акнун ин обанборҳо соҳиб пайдо кардаанд, ки рӯи кӯлҳоро бо партовҳои саноатӣ мепӯшонад.
Хабарнигори «Азия-Плюс» ин масъаларо пайгирӣ намуд. Маълумоти муфассалро дар шумораи нави газетаи «Азия-Плюс» дарёфт карда метавонед.