Корҳои таҳияи филми «Нолаи танбӯр»-и Аниса Собирӣ, ки нахустнамоишаш баҳори соли равон дар назараст, дар арафаи анҷомёбист.
Дар меҳмонии радиои «Азия-Плюс» коргардони боистеъдод ва шоира Аниса Собирӣ, ҳамчунин директори филм Исмоил Зебоӣ дар бораи филми навашон маълумот доданд. Мусиқии филмро Толиб Шаҳидӣ эҷод кардааст.
Филми «Нолаи танбӯр» дар студияи «Тоҷикфилм» наворбардорӣ шуда, дар бораи ба камол расидани навраси 12-сола аввали солҳои 90-ум ҳикоят мекунад.
Ин филми дуюми Аниса мебошад. Филми нахустини ӯ «Искупление» (Кафорат) тобистони соли 2017 дар доираи барномаи озмуни филмҳои кӯтоҳмуддат дар «Кинотавр»-и Русия намоиш дода шуд, ки замони таҳсилаш дар мактаби кинои Маскав ба навор гирифта шудааст.
Навори видеои мо дар бораи чӣ гуна таҳия шудани филми «Нолаи танбӯр».