Дар автодроми воқеъ дар километри 7-уми шаҳри Душанбе озмуни «Авто-Бону-2018» баргузор шуд. Он бо қарори мақомоти шаҳрдории Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи Модар гузаронида шуд.
Озмун аз рӯи даврҳои «Варақаи боздид» – «Ман ва автомобилам» (ороиши автомобил); Мусобиқаи «Донандагони ҚҲР»; Рондани автомобил дар Автодром; «Ёрии аввалияи тиббӣ» ва «Намоиши плакати тарғиботӣ» сурат гирифт.
Аз ҳама беҳтар Мадина Назарова аз Душанбе аз иҷрои шартҳои озмун баромада, зинаи аввалро ишғол намуд.
Зинаи дуюмро Муътабар Азимова соҳиб шуд.
Мақоми сеюм насиби Раҳима Сабзалиева гардид.
Ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Аксҳоро аз маросими баргузории озмун манзуратон мегардонем.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.