Имрӯз дар майдони маркази савдои «Ёвар»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Кулчақанд – лаззатбахши хони мо» Фестивал-озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Сарфи назар аз обуҳавои боронӣ, сокинони пойтахт бо хушнудӣ аз фестивал боздид намуданд. Ба тамошогарон навъҳои гуногуни шириниҳову кулчақанд, маҳсулоти нонӣ – орзуқ, чигалдак, ҳалво, қалама, кулчаҳо, фатир, чаппотӣ ва суманак пешкаш гардид.
Коргоҳҳои маҳсулоти хӯрокворӣ ва қаннодӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ин чорабинӣ аз ҷониби Вазорати фарҳанг дар ҳамдастӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату кумитаҳо бо мақсади арҷгузорӣ ба фарҳанги бузурги миллӣ, эҳёи маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ дар кишвар созмон дода шуд.