Ҳунармандони халқии Тоҷикистону Ӯзбекистон Ҷӯрабек Муродов ва Шералӣ Ҷӯраев суруди «Замон, замони мост» (Замон бизники)-ро ҳамроҳ бо забони тоҷикиву ӯзбекӣ сароида, аҳли толорро ба ваҷд оварданд.
Ин таронаи онҳо дар консерти «Шоми дӯстӣ» бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев садо дод. Консерти мазкур дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон баргузор шуд.