Дар ҳудуди «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ» дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ иншооти фароғатии "Дунёи афсона" барои кӯдакон ба истифода дода шуд.
Боғ дорои 11 намуд майдончаву таҷҳизоти дилхушӣ мебошад. Дастгоҳҳо асосан барои кӯдакони синни то 12 сола пешбинӣ шудааст.
Дар як тарафи маҷмааи зикршуда пайкараҳои азимҷуссаи динозаврҳо гузошта шудааст, ки онҳо бо қувваи барқ ҳаракат карда, садо мебароранд.
Дар «Дунёи афсона» 20 нафар кӯдакон, ки бо иқдоми инсондӯстонаи Сарвари давлат ба таври ройгон ҷарроҳии нуқсонҳои модарзодии дил гузарониданд, ба истироҳат фаро гирифта шуданд.