Дар Тоҷикистон Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ ҷашн гирифта шуд.
Дар тамоми муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ Рӯзи дарҳои кушод доир гардида, сокинони ҷумҳурӣ имкон пайдо карданд, ки бепул аз муоинаи тиббӣ гузашта, аз табибони соҳаҳои гуногун машварат гиранд.
Ёдрас мекунем, ки Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ (World Health Day) ҳамасола санаи 7 апрел – дар рӯзи таъсиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (World Health Organization, WHO) дар соли 1948 ҷашн гирифта мешавад.
Аз он замони таърихӣ 194 кишвари саросари дунё ба узвияти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пазируфта шуданд. Имсол ин чорабинӣ зери шиори «Солимӣ барои ҳама» гузаронида мешавад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.