Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо рафти корҳои созандагию ободонӣ дар Боғи фарҳангию фароғатии “Дӯстии халқҳо” шинос шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Боғи “Дӯстии халқҳо” соли 1972 таъсис ёфта, майдони умумии он 30 гектарро ташкил медиҳад, ки аз ин дар масоҳати 5,9 гектар наҳри равон мавҷуд аст. Наздики 90 нафар коргари доимӣ ба нигоҳубини боғ ва ба корҳои ободонӣ машғул мебошанд.
Корҳои ободонию азнавсозӣ дар Боғи “Дӯстии халқҳо” ба зиммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузошта шуда, то имрӯз дар ин ҷо корҳои назаррасе анҷом ёфтааст. Аз ҷумла, зимни азнавсозии боғ бо тарҳи нав дар масоҳати 41 ҳазор метри мураббаъи роҳравҳои марказӣ ва дохилӣ тахтасангҳои ороишӣ шинонида шуда, майдони 4, 2 гектар кабудизор гардид. Барои сабз нигоҳ доштани алафзор 3200 адад обпошакҳо насб карда шуд.
Ҳамчунин дар масоҳати 10 ҳазору 880 метри мураббаъ корҳои сангчинӣ дар канори наҳри дохили боғ, шинонидани 160 адад курсӣ, 500 адад таҷҳизоти равшандиҳӣ, бунёди 2 даромадгоҳ, 1 адад суҳбатҷой, 35 ҳазор дона гулҳои ороишию мавсимӣ, иҷро гардидааст.
Ҳамчунин бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ин боғ 6 ҳазору 468 адад дарахти гуногун, аз ҷумла 276 соснаи қримӣ, 7 адад липа, 4 каштан, 298 кипарис, 32 дуб, 49 клён, 5 пихта, 5 чормағз, 24 соснаи санавбар, 129 каталпа, 45 гулу буттаҳои сирен, 265 сафедор, 151 кипариси аризонӣ, 60 бодом, 41 армуғон, 22 барбарис, 47 кактус дастрас ва шинонида шуд.
Дар майдони 2,31 гектари боғ Кумитаи андози назди хукумати Тоҷикистон 4 варзишгоҳи хурди муосири футбол, теннис ва майдончаи бозии кӯдакон бунёд карда истодааст. Дар ду тарафи даромадгоҳи боғ бо 500 ҷой таваққуфгоҳ барои мошинҳо бунёд мегардад.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат ҳамчунин лоиҳаи бунёди толори роллердром муаррифӣ карда шуд. Иншооти мазкур дар масоҳати наздики 1 гектар бунёд шуда, дар ду ошёнаи он майдончаҳои роликтозӣ, бозиҳои компютерӣ ва мағозаи фуруши либосҳои варзишӣ бо қаҳвахонаҳо дар атрофи бино сохта мешавад.
Толори роллердром бо маблағи 2 млн. сомонӣ аз тарафи соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва дар рафти сохтмон 50 сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ супориш доданд, ки дар ҳудуди Боғи “Дӯстии халқҳо” як амфитетр бо 1 ҳазору 500 ҷойи нишаст бо сифати баланд сохта, пешкаши сокинону меҳмонони пойтахт намоянд.
Дар фарҷом Сарвари давлат ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои давлатӣ дастур доданд, ки минбаъд масъалаи нигоҳубини боғҳои азнавсозишуда дар мадди назар қарор гирифта шавад, то ин ки ин марказҳои фарҳангию фароғатӣ солҳо барои мардум хизмат расонанд.