Ансамбли Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон дар метрои шаҳри Тошканд сурудҳои замони ҷангро ба иҷро мерасонад.
Дар тамоми хатҳои метропоитени Тошканд имрӯзҳо иқдоми ҳарбиву ватандӯстона бахшида ба санаи 9 Май ҷараён дорад, ки дар Ӯзбекистон ҳамчун Рӯзи хотираву ёдбуд ва иззату эҳтиром ҷашн гирифта мешавад, хабар медиҳад CA-NEWS.
Ҳунармандони Ансамбли марказии таронаву рақси Қувваҳои Мусаллаҳи Ӯзбекистон дар либоси солҳои ҷанг суруду таронаҳои замони Ҷанги дуюми ҷаҳонро ба иҷро расонида, бо ҳайати пурра дар метро ҳузур доранд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз таассуроти худ аз ин иқдом навиштаанд, ки фазо дар метро хеле ҷолиб буд. «Одамон ҳатто фаромӯш краданд, ки ба куҷо равонаанд. Ҳама суруд мехонаданд, аксарияташон бо ашк дар чашмон», – гуфтаанд онҳо.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.