Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Аз ҳунарнамоии Шабнаму «Падида» тамошобинони ӯзбек ба ваҷд омаданд

Овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик ва ансамбли рақсии «Падида» бо ҳунарнамоии худ иштирокчиёни фестивали «Бойсун баҳори»-ро дар Ӯзбекистон ба ваҷд оварданд.

Дар ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон рӯзҳои 28-29 апрел фестивали анъанавии байнулмилалии фолклории кушоди «Бойсун баҳори» доир гардид.

Дар фестивал гурӯҳҳои фолклорӣ, ҳофизон, бахши-оқинҳо, олимони фолклоршинос аз минтақаҳои Ӯзбекистон ширкат варзиданд.

Бо даъвати ҷониби Ӯзбекистон дар ҷашнвора шахсони расмӣ аз вилояти Хатлон ва шаҳри Турсунзода низ ҳузур доштанд.

Дар мавзеи Паданг дар ин фестивал наздики 40 ҳазор нафар тамошобинон иштирок карданд, ки миёни онҳо бисёр меҳмонони хориҷӣ ҳузур доштанд.

ГАЛЛЕРЕЯ (34)


































Қобили зикр аст, ки соли 2001 ЮНЕСКО дар қатори 19 минтақаҳои дигаи ҷаҳон Фазои фарҳангии ноҳияи Бойсунро ба феҳристи «Шоҳкориҳои мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният» шомил кард.

Пеш аз оғози фестивал панҷ аэростат ба фазо сар дода шуд, ки дар ҳавои майдон ба парвоз омаданд. Дар ин ҷо фурӯшгоҳҳои гуногун, саҳнаҳо барои ҳунарнамоӣ, бозиҳои миллӣ ташкил крада шуданд.

Дар қатори гурӯҳҳои фолклории Ӯзбекистон санъату ҳунари худро меҳмонони хориҷӣ низ намоиш доданд. Ҳунарнамоии ансамбли «Падида» ва овозхонии Шабнами Сурайёро тамошобинон хеле хуб истиқбол карданд. Фестивал бо овозхонии Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон Юлдуз Усмонова хотима ёфт.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...