Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

Иштироки 500 нафар дар раҳпаймоии «Полки абадӣ» дар Душанбе

Субҳи рӯзи 9 май наздики 500 нафар сокинони пойтахт назди дарвозаи Боғи Ғалаба (мавзеи маъруф ба пивзавод) ҷамъ омада, то Боғи Ғалаба раҳпаймоӣ карданд. Ин ҷо онҳо дар пояи Оташи ҷовидон барои гиромӣ доштани хотираи фавтидагон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулҳо гузоштанд.

«Ин фаромӯшношуданӣ аст, яъне хеле хурсандам, ки раҳпаймоӣ баргузор шуд, – мегӯяд Фурқат, сокини пойтахт. – Ман бо писаронам омадам, ин бошад, сурати бобоҳоям аст», – нишон медиҳад ӯ аксҳои сиёҳу сафедро.

На ҳамаи ба раҳпаймоӣ омадагон ба дар чорчӯба гирифтани аксҳои гузаштагони худ, ки дар ҷанг ҳалок шудаанд, фурсат ёфтаанд, лекин қариб 80 фоизи иштирокдорон дар дастҳояшон сурат доштанд.

«Мо тамоми раҳпаймоиро паймудем, ҳанӯз субҳ ҷамъ омада будем, – мегӯяд Ирина, сокини пойтахт. – Ман бо шавҳарам омадам. Дар оилаи мо ман ва ҳамсарам низ наздиконамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шудаанд. Мутаассифона, бобоҳои мо аз ҷанг барнагаштанд ва мо ҳеҷ гоҳ ба дидори онҳо нарасидем. Имрӯз ман вақте шахсонеро дидам, ки наздиконашон ҳоло дар ҳаётанд, хеле зиёд гиря кардам. Худованд ба умрашон барака диҳад!».

ГАЛЛЕРЕЯ (14)














Ҳукуматдорони пойтахт дар ниҳояти кор ба баргузории аксияи «Полки абадӣ» расман иҷоза надода, лекин монеъа ҳам нашуданд. Нахуст зикр гардид, ки вохӯрӣ назди танк, сипас хабар доданд, ки он назди Театри лӯхтак баргузор мешавад, дар ниҳояти кор мардум назди Боғи Ғалаба гирд омаданд.

Соли гузашта бо вуҷуди иҷозаи расмӣ надоштан ба баргузории раҳпаймоӣ, ба ҳар ҳол он доир гардид. Лекин қобили зикр аст, ки соли гузашта дар раҳпаймоӣ шумори иштирокдорон нисбат ба имсол камтар буд, мегӯянд шоҳидон.

Айни замон дар Тоҷикистон 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондаанд. Дар ВМКБ – 4 нафар, вилояти Суғд – 102, Хатлон – 136, Душанбе – 46 ва ноҳияҳои тобеи марказ – 66 нафар собиқадрони ҷанг зиндагӣ мекунанд.

Translations:

Related articles

spot_imgspot_img

Join us on social media!

Новости компаний

Новости компаний

Company News

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

LATEST NEWS

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...