Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Шери нар: чӣ гуна зани тоҷик ҳайвоноти ваҳширо ром кард? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Шери нар: чӣ гуна зани тоҷик ҳайвоноти ваҳширо ром кард?

Хуршед Назаров, махсус барои Asia-Plus

Мегӯянд, ки зани рус бидуни тарсу ҳарос аспро ҳангоми ҷастухез ором мекунаду ба хонаи сӯхтаистода низ ворид мешавад. Дар мисоли Зуҳро Имомова метавон гуфт, ки зани тоҷик ҳатто шерро дастомӯзи худ гардонида метавонад.

Дар Тоҷикистон ҳама аз шуҷоату далерии ӯ огаҳанд. Ҳатто номи ин зани корманди боғи ҳайвонотро шӯхомез «шери нар» ҳам ба забон меоранд. Дар бораи ӯ дар матбуот маводи зиёде нашр шуда, дар шабакаҳои маҳаллии телевизион гузоришҳо ҳам намоиш дода шуданд. Лекин ҳамсоягони мо – сокинони Ӯзбекистон ба гумон аст, ки дар бораи Зуҳро Имомоваи ҷасуру бебок маълумоти муфассал дошта бошанд. Дар Осиёи Марказӣ ӯ ягона занест, ки ба ром кардани ҳайвоноти ваҳшӣ муваффақ шудааст.

Маҳз бо ҳамин сабаб мо тасмим гирифтем, ки дар доираи лоиҳаи «Салом, соседи!» дар бораи ӯ гузориши начандон бузурги видеоӣ таҳия намоем, то ки дар он сӯи марз низ аз то ба кадом андоза далеру шуҷоъ будани зани тоҷик огаҳ шаванд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Мутмаинем, ки маълумот доир ба ҳаёти мардуми оддӣ натанҳо аз шаҳрҳои бузург, балки аз шаҳрҳои хурд ё ба сурати умум на аз шаҳр, дар расонаҳои имрӯз хеле камёфтанд. Аз ин рӯ, дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Салом соседи!», ки баҳри ба ҳамдигар боз ҳам наздиктар шудани тоҷикону ӯзбекон роҳандозӣ шудааст, мо бо ҳамкоронамон талош хоҳем кард, ки ин камбудӣ бартараф шавад.

Дигар гузоришҳои лоиҳаи «Салом соседи!»:

«Сирри садсолаҳо: коғази самарқандӣ чӣ хел тайёр мешавад?»;

«Сабзчашму малламӯй: аз кадом лиҳоз симои тоҷикон беназир аст?»;

«Хаттотӣ дар Ӯзбекистон ва самтҳои истифодаи ҳозираи он»;

 «Қалъаи Муғ: навсозии мероси бостонӣ чӣ гуна ҷараён дорад?».

Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: newspaper@asiaplus.tjnewspaper@asiaplus.tj ва k.mahpora@gmail.com.