Ҳаҷми нафақаи миёна дар Тоҷиистон 270 сомониро ташкил медиҳад, ки дар ҳаёти имрӯза маблағи ночиз аст, лекин қаҳрамони навбатии «Салом соеди!» мутмаин аст, ки некӣ нарх надорад.
Ана бо ҳамин сабаб Ҳоҷидодарбек Халилови 80-сола аз дидани мактаби вайронаи бедару тиреза, ки тобистону зимистон кӯдакони маҳаллӣ дар он таҳсил мекунанд, худро бетараф гирифта натавонист.
Ба гуфтаи ӯ, таъмири ин мактабро тӯли 2 сол ба итмом расонида натавонистанд. Бинобар ин нафақахӯр тасмим гирифт, ки дар ин кор саҳм мегузорад. Барои харидани дару тиреза ӯ базудӣ чорвои калони худро фурӯхт.
Ин як мисоли илҳомбахшу рӯҳбаландкунанда аз рӯзгори як тоҷикистонист, ки барои ҳар як шахс намунаи ибрат шуда метавонад!
Дар лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод.
Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо ба ҳамдигар боз ҳам наздику қаринтар кардани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи наворҳои кӯтоҳи видеоӣ аст, ки ҳар яке метавонад аз онҳо барои худ чизи муфиде пайдо кунад.
Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст, шумо метавонед ҳамеша дар алоқа бошед!
Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар, ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!
Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.