Тӯйи арӯсии Нафиса, духтари миллиардери ӯзбеки муқими Қазоқистон Фаттоҳ Шодиев дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав ба таври хеле пуршукӯҳ доир шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили «Ахбор», барандаи тӯй Максим Галкин буд ва дар он ситораҳои эстрадаи Ғарб, Русия ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ кардаанд. Фаттоҳ Шодиев барои арӯсии духтараш чанд миллион доллар харҷ кардааст.
Гуфта мешавад, тӯйи арӯсии Нафиса Шодиева моҳи май дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Маскав баргузор шудааст. Пораҳое аз видеои ин тӯйро БАСЕ, як сомонаи марбут ба мухолифини қазоқ дар Интернет нашр кард.
Бино ба ин манбаъ, Фаттоҳ Шодиев тӯйи духтараш Нафисаро мисли тӯйи домодии чанд сол пеши писараш Собир хеле пурдабдаба баргузор карда, ба он ситораҳои машҳури эстрадаи Ӯзбекистону Русия ва ҳамин тавр, ситораҳои маъруфро аз Ғарб даъват кардааст.
Мухолифини қазоқ дар шарҳи ин видео навиштаанд, ки Фаттоҳ Шодиев аз ҳисоби фурӯши алюминий ва хром дар Қазоқистон миллиардҳо доллар сарват ҷамъ оварда, ба чунин сурат дар тӯйи фарзандонаш ба ҳаво чош медиҳад.
БАСЕ мегӯяд, ки миллиардер фақат барои барандагӣ ба Максим Галкин беш аз 100 ҳазор доллар пардохт кардааст.