Санаи 1 июн ба муносибати Рӯзи байнулмилалии ҳифзи кӯдакон дар Душанбе иқдоми «Ҳамроҳ мехонем» шурӯъ шуд.
Ширкати Tcell дар ҳамдастӣ бо радиои «Азия-Плюс» тӯли ҳафта аз якчанд хонаҳои кӯдакон ва интернатҳои пойтахт боздид намуданд, то ки бо кӯдакони муҳтоҷи суҳбат ва таваҷҷуҳ ба дунёи афсонаҳои нек ғӯтавар шаванд. Аксия аз ҷониби сарояндагони маъруфи тоҷик дастгирӣ шуд.
Дар доираи баргузории ин аксия як силсила чорабиниҳои «Ҳамроҳ мехонем» доир гардид, ки сарояндагони маъруф ба аёдати кӯдакон омада, бо онҳо ҳамроҳ афсонаву суруд хонданд.
Директори радиои «Азия-Плюс» Манижа Аҳмедова мегӯяд, ҳадаф аз баргузории озмун дар он фиода меёбад, ки кӯдакони ин муассисаҳо худро дар канор ҳис накунанд ва ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳ ба кӯдакони ятим аст, ки ба ғамхорӣ ниёз доранд. Номбурда ба ҳукумати шаҳр барои дастгирӣ миннатдорӣ изҳор намуд.
Дар баргузории аксия Ҷаҳонгир Зарипов, Алишер Ибодуллоев, Зафар Абдуалимов ва Баҳром Ғафурӣ саҳм гирифтанд. Рӯи аввали аксия ҳунармандони театри лӯхтак ба тарбиятгирандагон спектакли «Чӯҷаи заррин»-ро намоиш дода, рӯзҳои дигар аниматорҳои маркази «Мадагаскар» бо чорабиниҳои гуногун табъи кӯдаконро болида гардониданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.