Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Шабнами Сурайё дар 13-солагиаш чӣ таронае суруда буд? - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Шабнами Сурайё дар 13-солагиаш чӣ таронае суруда буд?

Asia-Plus

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видеои соли 1994 сабтшудаи ситораи оянаи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайёи 13-сола торафт маъруфияти зиёдтар касб мекунад. Дар он Шабнам бори нахуст назди тамошобинон суруди модари худро месарояд.

Нахустин таронаи Шабнами Сурайёи 13-сола «Хоб аз чашмонам рабудӣ» мебошад, ки дар ҷашни зодрӯзи модараш – Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Сурайё Қосимова соли 1994 дар Кохи фарҳанги шаҳри Кӯлоб садо дод.

МЕДИА (YOUTUBE)

Қаблан Шабнам дар мусоҳиба ба «Азия-Плюс» иқрор шуда буд, ки ба сароидани ин тарона пинҳонӣ омодагӣ мегирифт, зеро мехост, ки ба модараш туҳфаи ғайриоддӣ пешниҳод намояд. Пас аз иҷрои муваффақона ин суруд ӯ дар озмунҳои зиёди сатҳи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба комёбиҳо ноил гардид. Баъдан Шабнам ба ҷуз саҳна, модарашро дар тӯйҳо ҳамроҳӣ ва ба ӯ кумак мекард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Ҳунарнамоии Шабнами Сурайё дар фестивали «Бойсун баҳори»

Шабнам 14 октябри соли 1981 дар шаҳри Кӯлоб дида ба ҷаҳон кушодааст. Модар ва хоҳари Шабнам — Сурайё Қосимова ва Фарзонаи Хуршед — низ аз ҳунарпешаҳои шинохта дар Тоҷикистон ҳастанд.

Шабнамро машҳуртарин овозхони тоҷик медонанд, ки шӯҳраташ аз марзҳои Тоҷикистон гузашта ва ҳунараш дар Осиёи Миёна, Эрону Афғонистон дӯстдорони бисёре дорад.

Шабнам дар солҳои 2008 — 2009 бо ибтикори ширкатҳои хориҷӣ панҷ консерт дар Аврупо (Мюнхен, Лондон, Берлин, Дюселдорф), се консерт дар Канада (Монреал, Ванкувер, Торонто) ва 10 консерт дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (Ню-Йорк, Лос Анҷелес, Сан Франсиско ва ғайраҳо) баргузор кардааст.

Соли 2007 Созмони Миллали Муттаҳид Шабнами Сурайёро Сафири ихтиёрии СММ аз ҷониби Тоҷикистон таъин намуд, то ки барои рушди барномаи СММ доир ба мубориза зидди бемории норасоии масъунияти бадан БНМБ мусоидат намояд.