Аз 18 июн пардохти маблағи роҳкиро дар автобусу трллейбусҳои Душанбе бояд манъ мешуд. Истифодаи кортҳои нақлиётии Citycard минбаъд ҳатмӣ мешавад.
Зимни пайгирии ҷараёни иҷрои ин чорабинӣ мо мушоҳида намудем, ки танҳо дар хиёбони Рӯдакӣ дар ҳар кадоме аз истгоҳҳо чанде аз намояндагони бахши нақлиёти шаҳрдорӣ тарзи пардохти роҳкироро бо кортҳои Citycard назорат мекунанд.
Дар дигар қисматҳои шаҳри Душанбе «нозирон» нестанд, пардохти роҳкиро мисли пешина бо пули нақд амалӣ мешавад.
«Ман кортро бо тавозуни пуршуда бо нархи 5 сомонӣ харидам, – мегӯяд сокини пойтахт Садриддин. – Аз ин ман як маротиба истифода кардам, дигар маблағ дар корт чун «маблағи захира» боқӣ монд. Барои ман пардохти 1 сомонӣ пули нақд барои нишастан ба автобусу троллейбус қулайтар аст. Охир бо ин 5 сомоние, ки ман барои харидани корт пардохт кардам, беҳтараш бароҳат бо таксии хатсайр меравам».
Ин кӯшиши дуюми манъ кардани пардохти пули нақд барои роҳкиро дар автобусу троллейбусҳои пойтахт аст. Муваффақона анҷом пазируфтани кӯшиши дуюм ё лозим шудани талоши навбатии сеюмро гузашти вақт нишон хоҳад дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.