Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ “Боғи кӯдакон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, азнавсозии комили боғ ва таъмири асосии бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон”-и шаҳри Душанбе бар асоси дастури ҳукумати Тоҷикистон ба анҷом расонида шуданд.
«Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе (дар паҳлӯи варзишгоҳи «Спартак») дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шуд.
Гуфта мешавад, дар боғ амфитеатри тобистона, майдонҳои варзишӣ, корти теннис, гулгашту фаввораҳо, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудааст. Инчунин 115 адад чархофалакҳои гуногун аз Туркия ва Италия ворид ва насб гардидааст.
Мизи шоҳмот, ки дар як гушаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад.
Дар қисми шимолу-шарқии боғ таввақуфгоҳ барои 60 адад автомашина пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб карда шудаанд.
Инчунин барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо дар масоҳати 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг сохта шудааст. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб карда шудааст.
Масоҳати кабудизоркунӣ 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахтони гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда шинонида шуд. Дар ҳудуди боғ барои дилхушкунии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудааст.
Зикр мешавад, ки дар вақти азнавсозии боғ бо супориши Пешвои миллат Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе иборат аз 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақс ва ғайра низ аз таъмири асосӣ бароварда шуд.
Ёдрас мекунем, ки барои анҷоми корҳои таъмиру азнавсозии боғи мазкур 10 млн. сомонӣ маблағ масраф шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.