Дар кадом қаламрави Ӯзбекистон танҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд? Дар Самарқанду Бухоро? Не ба иштибоҳ роҳ медиҳед! Мо дар бораи ноҳияи Сӯхи ин кишвар гузориши видеоӣ таҳия намудем, ки ҳамаи аҳолиаш тоҷикон мебошанд.
Масоҳати қаламрави ин ноҳия 352 километри мураббаъро ташкил дода, ба вилояти Фарғона дохил мешавад. Сӯх барои Ӯзбекистон эксклав ва барои Қирғизистон анклав шуморида мешавад. Эксклав – қаламраве, ки дар қаламрави дигар кишвар воқеъ буда, ба ин давлат тобеъ аст. Анклав – қаламраве, ки дар дохили як кишвар воқеъ буда, лекин тобеъи он нест.
Тибқи маълумоти бойгонӣ, аввали асри ХХ волости Сӯх ба қитъаи Конибодом шомил буда, дар он 12 144 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекардаанд, ки 8 853 нафарашон тоҷикон ва боқимонда қирғизҳо будаанд. Ҳозир дар ин ҷо танҳо 72 ҳазор нафар тоҷикон зиндагӣ мекунанд.
Ин гузоришро ҳатман тамошо кунед, ҳадди ақал барои он ки дар ин ҷо ҳама хурду калон бо забони зебои тоҷикӣ ҳарф мезананд. Худатон бовар ҳосил намоед».
Гузориши мазкур дар доираи лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо омода шуд. Муътақидем, ки ҳар қадр бештар одамон аз забони худ дар бораи ҳамдигар маълумот гиранд, ҳамон қадр онҳо якдигарро хуб дарк кардаву эҳсос мекунанд ва то ба ҳамин андоза ба баҳсу низоъҳои бемаънӣ кашидани онҳо душвортар мешавад. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи «Салом соседи!» (Салом ҳамсояҳо) мо дар бораи одамони аҷиби кишварҳо, расму оин ва фарҳанги онҳо, ҳамчунин ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун маълумот хоҳем дод.
Агар шумо ҳам чизе гуфтаниву намоиш доданӣ бошед, пас бо суроғаҳои зерин бо мо дар тамос шавед: [email protected]@asiaplus.tj ва [email protected].
Ҳадафи роҳандозии лоиҳаи мо ба ҳамдигар боз ҳам наздику қаринтар кардани сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон тариқи наворҳои кӯтоҳи видеоӣ аст, ки ҳар яке метавонад аз онҳо барои худ чизи муфиде пайдо кунад.
Шарики лоиҳаи «Салом, соседи!» ширкати инноватсионӣ ва пешқадам дар бозори телекоммуникатсионӣ – Tcell мебошад. Ба тарофаҳои нави роуминги ширкат ба Ӯзбекистон, ки наздик ба нархномаҳои дохили кишвар аст, шумо метавонед ҳамеша дар алоқа бошед!
Тсеll низ сарҳадҳоро ба осонӣ мегузарад: ба наздикон паёмак фиристед, суҳбат намоед, бо сурату видеоҳо табъи онҳоро болида созед. Акнун барои ин сим-корти оператори дигар, ё Wi-Fi лозим нест. Нархи 1 мегабайт интернет дар роуминг аз 5 сомонӣ то 30 дирам арзон карда шудааст!
Бо роуминг аз Тсеll, Ӯзбекистон боз ҳам наздиктар мегардад! Маълумоти муфассал дар бораи тарофаҳо бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.