Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон дарсҳои омӯзишӣ, ки дар рафти онҳо мутахассисони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар бораи таърихи алоқа, имкониятҳои васеи интернети мобилӣ ва манбаъҳои муфиди Шабакаи ҷаҳонӣ маълумот медиҳанд, идома доранд.
Маълумоти мазкур ба сокинони нуқтаҳои хурди аҳолинишини Тоҷикистон имкон медиҳад, ки интернетро барои ҳалли масъалаҳои муҳим бо самараи бештар истифода баранд. Чанде пеш дарси навбатии омӯзишӣ дар ҷамоати Каленини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои фаъолони бо аҳолӣ корбаранда баргузор карда шуд.
Дастрасӣ ба порталҳои давлатӣ, сомонаҳои мактабҳои олӣ ва китобхонаҳои электронӣ қариб дар ҳама ҷой имкон медиҳад, ки доир ба тарзу воситаҳои барасмиятдарории қоғазҳои муҳим, пайдокунии матнҳо аз китобҳои зарурӣ, гирифтани маълумоти фосилавӣ маълумоти зарурӣ пайдо намоем. Интернет тадриҷан ба манбаи маълумоти тозатарин, дастгоҳи кории намояндагони касбҳои сершумор, манбаи тавонои фароғатӣ, ки дар он метавон дилхоҳ филмҳо, мусиқӣ, бозиҳои онлайнро дарёфт кард, табдил меёбад. Дар бораи ҳамаи ин имкониятҳо сокинони ҷамоатҳои Хатлон дар рафти дарсҳои омӯзишие, ки аз ҷониби кормандони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” гузаронида мешаванд, маълумот мегиранд. Маслиҳатҳои коршиносон махсусан барои нафароне фоидаоваранд, ки танҳо акнун барои худ олами интернетро кашф менамоянд ё мехоҳанд хизматрасониҳои интернетро сарфакорона истифода баранд.
Дарси нави омӯзишие, ки дар ҷамоати Каленин ҷараён гирифт, начандон оддӣ буд, зеро ин бор дар он на муштариёни оддии оператор, балки фаъолоне, ки бо аҳолӣ кор мебаранд, ширкат варзиданд. Тавре дар “МегаФон Тоҷикистон” қайд намуданд, ин ба паҳншавии васеи маълумоти муфид мусоидат хоҳад кард.
“Ман худ бо мароқи комил бо чунин пешниҳодҳои нав, ба монанди “МегаФон Life”, ки мессенҷер, “Ҳуҷраи корӣ” ва барномаи бонусии “Раҳмат”-ро дар худ муттаҳид кардааст, ошноӣ пайдо кардам. Ба ғайр аз ин, замима ба мо имкон медиҳад, ки дар асоси шартҳои муфид ба Россия, ки он ҷой хешону наздикони сокинони ҷамоатамон кору фаъолият мекунанд, зангҳо анҷом дода шаванд. Ҳангоми сафарҳо дар ҳудуди ноҳия аз ман зиёд мепурсанд, ки оё имкониятҳои сарфакунии маблағ аз ҳисоби зангҳои байналмилалӣ вуҷуд доранд ё не. Акнун ман ба ин саволи барои бисёриҳо муҳим ҷавоби дақиқу беҳтарин дорам”, – қайд намуд иштирокчии дарси омӯзишӣ Абдумалик ВАЛИЕВ.
“Бо воридшавии интернети мобилӣ ба ноҳияҳо бисёри муштариёни мо якбора ба истифодаи он мепардозанд. Вале одатан доираи истифодабарӣ бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабарӣ маҳдуд мешавад, ҳол он ки имкониятҳои интернет ниҳоят васеанд. Метавон ҳатто тавассути он дипломи донишгоҳро дастрас намуд ё баъзе ҳуҷҷатҳоро дар маконе, ки шабакаи мобилӣ фаъол аст, ба расмият даровард. Маҳз доир ба ҳамаи ин мо зимни вохӯриҳо бо сокинони ноҳияҳо маълумот медиҳем, то ки технологияҳои муосир ҳаёти муштариёнро ҳатто дар деҳаҳои хурд боз ҳам қулайтар карда тавонад. Тавре мегӯянд, дониш – нерӯст ва иштирокчиёни дарсҳои омзишӣ бомуваффақона ин нерӯро аз худ мекунанд”, – мегӯяд роҳбари раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон Маҷид САЙТАСАНОВ