Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Душанбе: маршруткаҳои «резинӣ» ва аз меъёр зиёди пур аз мусофирон - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Душанбе: маршруткаҳои «резинӣ» ва аз меъёр зиёди пур аз мусофирон

Asia-Plus

Ҳукуматдорони пойтахт чандин сол аст, ки ба ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ камар баста, лекин кори ин навъи нақлиёт танҳо дар марказ муътадил ба назар мерасад.

Аз оғози баҳор арзиши равуо дар нақлиёти ҷамъиятии Душанбе боло рафта, кортҳои нақлиётӣ ва қоидаҳои нав ҷорӣ шуданд: нақлиёт бояд танҳо дар истгоҳ таваққуф намуда, мувофиқи ҷойи нишаст мусофир гирад. Вақтҳои аввад ҳама гӯё ин навгониро риоя мекарданд, лекин маълум шуд, ки начандон ба муддати зиёд…

Айни замон сарфи назар аз таътили толибилмони мактабҳову донишҷӯён, мисли пешин аз соати 7:00 то 8:00-и субҳ тамоми навъҳои нақлиёти ҷамъиятӣ пур аз мусофирон аст, зеро мардум ба кор мераванд. Шомгоҳон, мувофиқи мушоҳидаҳои мо, аз мусофирон пур будани нақлиёт бештар ба кам шудани шумори нақлиёти ҷамъиятӣ вобаста аст, ки аксаран нақлиётро дар истгоҳҳо манъ намекунанд.

Намояндагони бахши нақлиёти мақомоти шаҳрдории пойтахт итминон медиҳанд, ки шумори нақлиёти ҷамъиятӣ кофӣ ва ҳатто барзиёд аст.

Қоидаҳои муқарраршуда танҳо дар хиёбониҳои Рӯдакӣ ва Айнӣ риоя шуда, дар қисмати зиёди боқимондаи шаҳр онро сарфи назар мекунанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Алҳол бошад, нақлиёти ҷамъиятии аз меъёр зиёди пур аз мусофирон бо вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ куҷое хоҳад, воситаи нақлиётро манъ мекунад ва мусофиронро на аз рӯи ҷойи нишаст, балки то тамба шудани дохили он савор мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.