Дар маҷмааи «Ӯзэкспомарказ»-и шаҳри Тошканд охири ҳафтаи гузашта бори нахуст баъди солҳои тӯлонӣ намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон доир гардид.
Дар намоишгоҳ номгӯи гуногуни молу маҳсулоти саноатӣ, ашёи рӯзгор, маснӯоти заргарӣ, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти хӯрокворӣ, қаннодӣ, маҳсули дасти ҳунармандону косибон ва ғайра ба маърази тамошову фурӯш гузошта шуд.
Дар намоишгоҳ молу маҳсулоти беш аз 60 ширкатҳои Тоҷикистон, аз ҷумла «ТАЛКО Групп», «Ғаюр семент» ва «Моҳир семент», ширкати «Фароз», «Шири Душанбе», «Ангишт» ва «Намаки Ашт ва Хоҷамумин», «Қолинхои Қайроққум», «Амирӣ», «Маколли», «Оби зулол», ҳамчунин дигар ширкатҳои бузрги ватанӣ дар соҳаҳои металлургия, мошинсозӣ, саноати мудофиаи, кимиё, ангишт ва сабук пешниҳод шуданд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.