Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Кашфи шаҳри қадимаи дорои таърихи 2-ҳазорсола дар Тоҷикистон - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Кашфи шаҳри қадимаи дорои таърихи 2-ҳазорсола дар Тоҷикистон

Asia-Plus

Бостоншиносони Тоҷикистон дар 85 километрии ҷануби шаҳри Душанбе (вилояти Хатлон) шаҳри қадимаро кашф карданд. Олимон онро ба замони подшоҳии Кӯшониён мансуб медонанд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии Мир24.

Шаҳраки қадима дар баландии кӯҳ дар канори деҳа воқеъ аст. Ба ақдиаи бостоншиносон, дар ин шаҳрак ду ҳазор сол пеш эҳтимол шахсони хеле доро зиндагӣ доштаанд.

Дар дохили шаҳрак саломхонаи подшоҳ дарёфт шудааст, ки бо тарзи махсус сохта шуда, бари деворҳо қариб ба се метр мерасад ва онҳо бо андова рӯйпӯш шудаанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Ғайр аз ин, бостоншиносон тангаҳоеро дарёфт намуданд, ки аз рӯи онҳо метавон тахмин кард, ки шаҳрак дар асрҳои 1-2 замони мо, яъне 2 – 1,8 ҳазор сол пеш вуҷуд доштааст. Ҳамчунин хумҳо – зарфҳои махсус барои нигаҳдории зироати ғалладона пайдо гардидааст, ки дар шакли хеле хуб то ин вақт маҳфуз мондааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.