Дар ангурзорҳои шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили ангур дар ҷӯшу хурӯш буда, ангур аз офтоб ғизои хуб гирифт ва хуштаъму лазиз хохад буд. Гармии беҳад зиёди имсола низ ба ангур ва сифати он таъсире нарасонидааст.
Ба ҷамъоварии ҳосил фермерҳо ҳамдеҳаҳои бекори худро ҷалб намуда, онҳоро бо хӯроку нақлиёт таъмин ва барои корашон ҳар рӯз 30-40 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд.
Имрӯзҳо чунин навъҳои ангур ба монанди “Ҳусайнӣ”, “Чилликӣ”, “Ғалаба” ва “Шоҳона” ҷамъоварӣ мешавад. Нархи яклухт вобаста ба навъ ва намуди зоҳирии ангур аз 4,5 то 8 сомониро ташкил медиҳад.
Ангурро хеле барвақт то соати 8-и субҳ ҷамъоварӣ мекунанд. Ангурпарварони шаҳри Турсунзода аз 1 гектар то 45-55 тонна ҳосили ангур мегиранд.
Дар гузориши тасвирии зер ҷарёни ҷамъоварии ҳосили ангур манзуратон мегардад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.