Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бинои Донишгоҳи Осиёи Марказиро дар Хоруғ боз намуд, ки аз ҷониби Бунёди Оғохон сохта шудааст. Барои сохмтони он то имрӯз наздики 100 млн. доллар маблағ масраф шудааст.
Бинои сеошёна дар майдони 15 гектар бунёд гардида, аз дарсхонаҳо, китобхона, озмоишгоҳ, ошхона, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ барои омӯзгорону донишҷӯён иборат аст.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ асосан дорои ду ихтисос, омӯзиши илм дар бораи замин ва муҳити зист ва иқтисодиёт буда, ба донишҷӯён устодон аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои муосири таълим дарс мегӯянд.
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ – як муассисаи таълимии иборат аз се кампус аст: дар Норин (Қирғизистон, 19 октябри соли 2016 боз шуд), дар Хоруғ (Тоҷикистон, имсол боз шуд) ва Текели (Қазоқистон, соли 2019 боз мешавад).
Айни замон шумораи донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Хоруғ 150 нафарро ташкил медиҳанд. Донишҷӯён аз 7 давлат, ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Афғонистону Покистон ва ғайра таҳсил менамоянд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.