Пагоҳ дар Душанбе ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Мо тасмим гирифтем, ки аз сокинони шаҳри Душанбе бипурсем, ки дар бораи ин Иттиҳод чӣ медонанд.
Аксаран дар бораи ИДМ огаҳӣ доранд, вале намедонанд, ки кадом кишварҳо ба он шомиланд, ҳатто Чину Афғонистонро ҳам аъзои Иттиҳод номбар карданд. Ба саволи яқинан нодурусти мо – “Кӣ президенти ИДМ аст?” танҳо як нафар дуруст посух дод.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.