Давоми панҷ соли охир дар вилояти Суғд корхонаи хурди хусусие фаъолият дорад, ки ба истеҳсоли адрасу атлас ва намадҳо машғул аст. Муассиси он ӯзбекзани этникӣ Гулсун Ғаффорова мебошад, ки имрӯз дар бораи кору зиндагиаш маълумот медиҳем.
Истеҳсолоте, ки ӯ роҳандозӣ кардааст, дар деҳаи дурдасти Янгиобод воқеъ аст, яъне фаъолияташро дар ҷойе оғоз кардааст, ки дар он бештар ба ҷойҳои корӣ ниёз доранд.
Ба гуфтаи ӯ, занони маҳаллӣ солҳо бо музди меҳнати шоиста кор ёфта наметавонистанд. Акнун ба туфайли қаҳрамони имрӯзаи мо даҳҳо духтарону занон дар шароити хубу мусоид барои худ кор пайдо кардаанд.
Ин хабар дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” таҳия шудааст. Гузориши пешин дар доираи ин лоиҳа бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.