Олим Рабиев, роҳбари Фонди бадеии Тоҷикистон мегӯяд, муҷассамаҳое, ки дар қаламрави кишвар гузошта шуда буданду имрӯз бо сабабҳои гуногун барканор гардиданд, ҷузъе аз таърихи кишвар аст ва онҳоро бояд дар боғе гузошт. Ӯ боғи Ғалабаро мувофиқтарин макон барои муҷассамаҳои барканоршуда медонад. Амалишавии ин иқдомро намояндаи вазорати фарҳанги кишвар низ имконпазир мешуморад.
Тӯли солҳои барқарории Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон муҷассамаҳои зиёд гузошта шуданд. Дар шаҳру ноҳияҳои гуногун даҳҳо муҷассамаи доҳии пролетариат В.И.Ленин, шахсиятҳои дигари таърихӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳизбӣ қомат афрохтанд. Аз ҷумла, ҳайкалҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Иосиф Сталин, Феликс Дзержинский, Валериан Куйбишев ва боз даҳҳои дигарро дар Тоҷикистон дидан мумкин аст.
Пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ баъзе аз ин муҷассамаҳо барканор шуданд. Аввалин ҳайкале, ки дар Тоҷикистон хароб гардид, муҷассамаи В.И.Ленин дар шаҳри Душанбе буд. Соли 1991 пайкараи Ленин, ки 30 сол дар маркази Тоҷикистон қарор дошт, сарнагун шуд. Имрӯз касе дақиқ намедонад, ки ҳайкали барканоршудаи В.И.Ленин куҷост ва чӣ тақдир дорад. Дар ҷойи он ҳайкали Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати миллии тоҷикон – Сомониён гузошта шудааст.
Агар кандани ҳайкали Ленин дар соли 1991 омили бенизомиҳои сиёсӣ бошад, пас чидани минбаъдаи пайкараҳои шахсиятҳои сиёсӣ ва ҳизбии замони шӯравӣ бештар ба дигар шудани шароит ва сиёсати давлат вобаста буд.
Аксари муҷассамаҳое, ки тӯли солҳои охир дар шаҳри Душанбе барканор гардиданд, имрӯз дар таъмиргоҳи Фонди бадеии Тоҷикистон қарор доранд. Аз ҷумла, ҳайкали В.И.Ленин, ки соли 1926 дар боғи ҳамноми доҳӣ гузошта шуда буд, соли 2008 канда шуд ва ҳоло он дар таъмиргоҳи Фонди бадеии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҷойи он муҷассамаи сардафтари адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қомат афрохтааст.
Олим Рабиев мегӯяд, ки ҳайкали В.И.Ленин-ро таъмир кардаанд ва агар ҳукумат иҷоза диҳад, метавонанд дар ягон боғ гузоранд: “Ин пайкараҳо ҷузъе аз таърихи муосири мо ҳастанд. Онҳо набояд нобуд карда шаванд, балки ҳифз гарданд ва барои насли оянда боқӣ гузошта шаванд. Агар боғи алоҳида набошад ҳам, фикр мекунам агар муҷассамаҳои бо Иттиҳоди Шӯравӣ вобастаро дар боғи Ғалабаи Душанбе гузорем, кори хуб мешавад. Аввалан, ин макон бисёр мувофиқ аст, чун боғ калон аст ва заминаш ҳам барои насби муҷассама имкон медиҳад. Баъдан, аз ҷиҳати мавзуъ низ ин боғ мувофиқат менамояд. Ҳамчунин, насли оянда аз таърихи замони шӯравии мо бештар огоҳ мешавад”.
Боғи Ғалабаи Душанбе соли 1975, бахшида ба 30-солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ташкил гардидааст. Дар ин боғ муҷассамаву ёдгориҳои бахшида ба ғалаба дар ҶБВ гузошта шудааст.
Шералӣ Хоҷаев, сардори раёсати ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихии вазорати фарҳанг мегӯяд, ки имрӯз ҳукумати кишвар ба ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Аз ин сабаб, касе инкор намекунад, ки ёдгориҳои замони шӯравии кишвар, ҷузъе аз таърихи мо аст.
– Албатта, имкони дар боғи алоҳида, масалан боғи Ғалаба гузоштани ҳайкалҳои барканоргардида ҳаст. Лекин як мушкили аслӣ дар ин самт, ҳолати он муҷассамаҳо ва розигии муаллифи он мебошад. Зеро ин муҷассамаҳо солҳои тӯлонӣ дар фазои кушод қарор доштанд ва аксари онҳо таъмирталаб шудаанд. Онҳоро бе розигии муаллифон тармим карда намешавад. Чун пайкара тағйир меёбад. Аксари муаллифон бошанд, дар қайди ҳаёт нестанд,-мегӯяд Шералӣ Хоҷаев.
Аммо ҳоло маълум нест, ки пешниҳоди Фонди бадеӣ ҷиҳати дар боғи Ғалаба гузоштани ҳайкалҳои барканоршуда, дар кадом сатҳ қарор дорад. Хулосаи ниҳоии ҳукумат ҳоло ба онҳо дастрас нагардидааст.
Тибқи маълумоте, ки соли 2014 муовини якуми раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков ироа карда буд, дар кишвар 66 муҷассамаи доҳии пролетариат В.И.Ленин ҳифз шудаанд. Аммо бино ба маълумоти вазорати фарҳанг, ки соли 2016 пешниҳод намудааст, шумораи ҳайкалҳои Ленин дар кишвар бештар аз 50-то аст. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ҳайкалҳои барканоршудаи В.И.Ленинро “коммунистони собиқадор” дар назди ҳавливу хонаи худ нигоҳ медоранд.
Ғайр аз ин, дар қаламарави Тоҷикистон муҷассамаҳои зиёди шахсиятҳои дигари сиёсиву ҳизбии замони шӯравӣ мавҷуданд, ки шумораи дақиқи онҳо маълум нест. Ҳамчунин, тақдири аксари пайкараву нимпайкараҳои чидашудаи кишвар номаълум аст.
Ҳамин норӯшании тақдири муҷассамаҳои барканоршуда дар кишвар боис гардидааст, ки мавзӯи дар боғи алоҳида ҷойгир кардани онҳо ҳар замон матраҳ шавад.